Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:21

Равуои нақлиёт ба Суғду Бадахшон номумкин шуд

19 март 2012, 09:53

Иртиботи заминӣ (рафтуомади нақлиёт) аз Душанбе ба шимол ва шарқи кишвар қатъ гардидааст.

Дар ин бора Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории Озодагон гуфт, ки инро сабаб барфрезии шадид ва масдуд шудани роҳ аст. Бино ба қавли манбаъ, дар километрҳои 49, 239, 439, 436, 507, 507, 512, 513  ва боз чанд нуқтаи дигари ҷодаи Душанбе-Хоруғ тарма фаромада, роҳро банд кардааст.Манбаъ афзуд, ситодҳои маҳаллии ҳолатҳои фавқулодда бо истифода аз имконоти дар ихтиёрашон буда, барои барои рафъи оқибати ин ҳаводис фаъолият доранд.Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон хостааст, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар дар масири Душанбе-Хоруғ ва Душанбе-Суғд то ду рӯзи дигар худдорӣ кунанд.Аммо бо вуҷуди ин, то кунун дар ягон минтақаи Тоҷикистон ҳолати фавқуллода эълон нашудааст.Дар шаҳри Душанбе аз субҳи имрӯз то кунун 22 мавриди даъват барои кӯмак ва ҳолати изтирорӣ сурат гирифтааст. Ва дастаи наҷоти ин кумита то ба ҳол 22 ҳодисаи фавқуллодаро бартараф намудаанд.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!