Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:34

Журналистро латукӯб карданд

28 май 2011, 07:34

Хабарнигори рӯзномаи «Коммерсант» Элмон Солтахонов дар боғи Соколникии шаҳри Маскав мавриди латукӯби тоссарҳои миллатгарои (скинҳедҳо) рус қарор гирифтааст .

Тибқи иттилои расида, ҳудуди бештар аз 20 нафар неофашистони рус бо шиори «Бикуш!» ва «Русия танҳо барои русҳо», ки чеҳраҳои манфури худро бо ниқобҳо  пӯшонида будаанд, бар журналист ҳуҷум карда, ӯро зери мушту лагад гирифтаанд. Бештари зарбаҳо бар сару пушт ва шиками ӯ расидаанд. Аммо аз куҷо сокини ҷумҳурии Чеченистон ва мусулмон будани ӯро миллатгароён дарёфтаанд, то ҳанӯз маълум нест. Шояд ин амали миллатгароён ба фаъолияти касбии Элмон Солтахонов рабт дошта бошад.Пулиси Маскав тафтишоти ҳодисаро шурӯъ кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!