Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:54

Фаронса ба ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахши саноати Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад

26 март 2012, 11:34

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон баъд аз зӯҳри имрӯз иддае аз иштирокдорони баланмақоми Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ барои Афғонистон (RECCA-5)-ро ба ҳузур пазируфт.


Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, аснои сӯҳбат, ки бо Вазири нақлиёти Фаронса Тйерри Мариани сурат гирифт, масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии ду кишвари шарик баррасӣ шуд. Мариани ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми президенти Фаронса Никола Саркозиро расонид, ки дар он ба ҷониби Тоҷикистон барои сатҳи баланду мусоиди ташкили конфронси мазкур ва нақши намоёну муассираш дар рушди ҳамкории минтақавӣ арзи сипос карда мешавад.
Манбаъ афзуд, Тйерри Мариани ҳавасмандии Фаронсаро ба густариши ҳамгироӣ бо Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таъкид намуд.Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории босамари сохторҳои низомии Тоҷикистону Фаронса, ҳамчунин таҳким ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар зарур шумурда шуд.
Ба густариши ҳамкории иқтисодӣ дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва ғайра низ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!