Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:04

Ӯзбекнефтегаз сару садо атрофи интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро бепоя хонд

27 март 2012, 03:38

Дар баёнияи ахири ин ширкат омадааст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар аввали соли равон танҳо барои интиқоли газ дар семоҳаи аввали имсол қарордод имзо карда буданд ва ин тавофуқ дар ҳоли ҳозир комилан иҷро шудааст.

"Ӯзбекнефтегаз" ҳамаи иддаоҳоро "фармоишӣ" унвон карда навиштааст, ки қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон ба ҷуз аз далоили иқтисодӣ ҳеч ваҷҳи дигар надорад ва онро ба сиёсат олуда накунанд.

Ёдрас менамоем, ширкати "Тоҷиктрансгаз" ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки аз ҳамтоёни ӯзбаки худ номае дарёфт кардаанд ва дар он гуфта шудааст, ки аз якуми апрел интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон қатъ мешавад. Ҳамчунин, дар ин нома омадааст, ки Ӯзбакистон аз имкони идомаи интиқоли газ ба Тоҷикистон худдорӣ мекунад, зеро бояд тавофуқоти худ дар мавриди интиқоли газ ба Чин ва Русияро иҷро кунад. Дар аввали соли ҷорӣ низ масъулони "Тоҷиктрансгаз" изҳор дошта буданд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани лӯлаи газ аз Осиёи Миёна ба Чин, содироти гази Ӯзбакистон ба ҳамсояи шарқияш афзоиш ёфта ва Тоҷикистон метавонад танҳо гази боқимондаро бихарад. Чунин вазъ боъис шуд, ки ҳайати расмии ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири кишвар, зимни сафари худ ба Тошканд дар   барои харидории 45 миллион метри мукааб газ аз Ӯзбакистон дар семоҳаи аввал ба тавофуқ бирасанд.

Аммо суоли боз ин боқӣ мемонад, ки дар сурати пешпардохти маблағи газ оё Ӯзбакистон ҳозир аст ба Тоҷикистон ин навъи сӯзишвориро интиқол бидиҳад ва ё хайр?

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!