Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:02

Назаров бо Енча масоили марбут ба вазъи нашъаро ба баррасӣ гирифтанд

27 март 2012, 05:22

Рустам Назаров, директори АНМН бо намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ, сарвари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи первентивӣ Мирослав Енча мулоқот кард.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз агентии назорат аз болои маводи нашъадор иттилоъ доданд, аснои ин нишаст, к ибо ташаббуси маркази минтақавии дипломатияи первентивӣ барои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, генерал Назаров ҷаноби Енчаро бо вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд.

Ҳамзамон, Рустам Назаров ба меҳмон дар бораи ташкили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо ҳамкорон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа     маълумот дод.

Манбаъ афзуд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳо пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО аз ҶИА дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!