Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:02

Арабистони Саъудӣ ба салафиҳо пул медиҳад

27 март 2012, 11:52

Бархе манбаъҳои огоҳ дар Миср таъкид мекунанд: дар ҳоле ки Арабистони Саъудӣ аз салафиҳо дар Миср ҳимоят мекунад,

Қатар низ таъмини манобеъи молии ҷунбиши Ихвоналмуслиминро дар интихоботи порлумонии Миср ба уҳда гирифтааст.

Баъзе аз аъзои ҷамоати Ихвоналмуслимин, ки ба иллати ихтилофҳои дохилӣ аз ин ҷамоат ҷудо шудаанд, ба шарти фош нашудани номашон гуфтаанд, ки дар интихоботи порлумонии Миср беш аз 70 дар сади манобеъи молии Ихвоналмуслиминро Қатар таъмин кард.

Ба гуфтаи манобеъи мазкур ҷамоати Ихвоналмуслимини Миср дар интихоботи Маҷлиси миллат ва Шӯрои ин кишвар миллионҳо пунд харҷ карда, ки бештарин миқдори он аз сӯи давлати Қатар таъмин шуд ва сафорати Қатар дар Қоҳира масъули расондани ин кумакҳои молӣ буд.

Ҳамин манобеъ гуфтаанд; дар ҳоле, ки Қатар аз Ҷамоати Ихвоналмуслимин дар интихоботи порлумонӣ пуштибонии молӣ мекард, Арабистони Саъудӣ низ ҳимояти молии салафиҳои Миср, яъне ҳизби Алнурро бар уҳда дошт.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳарчанд дар бисёре аз кишварҳои исломӣ аз густариши ҷараёни салафия эҳсоси хатар мекунанду фаъолияти тарафдорони ин ҷараёнро манъ кардаанд, аммо Арабистони Саъудӣ бо ҳазинаи маблағҳои ҳангуфт ба дунболи густариши салафия ва тақвияти молии салафиҳост, ки ихтилофоте дар ҷомеаҳои исломӣ ба вуҷуд меорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!