Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:03

Лоиқ боз меояд…

30 май 2011, 04:11

Лоиқ албатта меояд, албатта аз сари нав таваллуд мешавад, инро ман, ки фолбинам, мегӯям.

Лоиқ 20-уми майи соли 3041, соати 5-и субҳ боз меояд. Ин ҳарфҳоро, нависанда ва ҳаҷвнигори тоҷик Наҷмиддини Шоҳинбод зимни баргузории маҳфиле ба хотири бузургдошти Лоиқ дар Душанбе иброз дошт.

Ин ҳамойиш рӯзи шанбеи 28-уми май бо ибтикори Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз» ва нашрияи «Миллат» ба хотири ҷашни 70-солагии Лоиқ Шералӣ доир гардида, таҳти унвони «Устод ва шогирд» бо ширкати шоири тавоно Мӯъмин Қаноат сурат пазируфт. Толори хурди Маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод» лабрез аз мухлисони ашъори ду шоир буд. Ҳамзамон, дар ин маҳфил аҳли адабу фарҳанг ва ҳаводорони шеър, намояндагони мақомоти дипломатӣ ширкат доштанд. Мӯъмин Қаноат дар мавриди шеъру шоирӣ, доираи адабии солҳои 60-уми садаи 20 ва ҷавонони навқалами он замон сухан гуфта, иброз дошт, ки миёни эшон шеъри Лоиқ ва шахсияти ӯ тавофут дошт. «Беҳуда нест, ки Лоиқ Шералиро сарфи назар аз талаби китоби ҳатмии чопшуда, ба узвияти Иттифоқи Нависандагон пазируфтанд. Устод Мирзо Турсунзодаро шеъри «Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам"  сахт мутаасир карда буд».

Зимнан, барои аввалин бор дар ин ҷаласа видео-конфронси мустақим сурат гирифта, шоир Сиёвуш аз Бишкек, Латифи Пидром аз Афғонистон, Фирдавсии Нуралиён аз Қоҳира ва Аҷами Калонзод аз Инглистон тариқи он-лайн бо ширкатдорони маҳфилу устод Қаноат сӯҳбат доштанд. Ҳамсари шодравон Лоиқ, Зебуннисо Қутбуддинова низ хотироти худро аз лаҳзаҳои мухталифи зиндагии ҳамҷояаашон нақл кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!