Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:30

Вазорати хориҷии Русия: Мухолифон дар Сурия ҳозир ба гуфтугӯ нестанд

28 март 2012, 12:13

Хабаргузории Новости гузориш медиҳад, ки Александр Лукашевич, сухангӯи  вазорати умури хориҷаи Русия дар конфронси матбуотие дар Маскав гуфт, феълан мо шоҳиди таъсири манфии талошҳои суратгирифта барои ҳалу фаслу муноқиша дар Сурия аз тариқи музокира ҳастем.

Изҳороти ошкоро, ки аз суи раҳбарони мухолифин дар ин кишвар ба гӯш мерасад, аслан чунин умедеро ба вуҷуд намеоварад, ки чунин гуфтугӯҳо ба ин зудӣ рух диҳад. Вай афзуд, онҳо бештар рӯи хостаҳои ғайри қобили таҳаққуқ ва оғози ин музокирот ба шарти барканории Башор Асад аз қудрат исрор доранд.

 

Пеш аз ин Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия гуфта буд, ки маъмурияти Кофе Анан намояндаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ дар ҳалли муноқишаи Сурия мумкин аст охирин шонс барои гурез аз рух додани як ҷанги дохилии хунбор дар ин кишвар бошад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!