Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 20:52

Душанбе боз мизбони фестивали байналмилалии театрҳои лухтак мешавад

29 март 2012, 09:03

Сеюмин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лухтак бо номи «Чодари хаёл» аз 11 то 20-уми апрел дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Фестивал бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирии Агентии швейсариягӣ оид ба ҳамкорӣ ва шӯъбаи «Институти ҷомеаи кушод»-и Фонди Сорос доир мегардад. Дар ҷашнвора театрҳои лӯхтак аз Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон ва Узбакистон ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дар фестивал театри лухтаки шаҳрҳои Душанбе ва Чкалов, Русияро театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Новосибирск ва Оренбург намояндагӣ мекунанд. Баъди анҷоми фестивал театри лухтаки Қирғизистон дар шаҳри Душанбе ва театри лӯхтаки Оренбург дар шаҳри Қурғонтеппа ҳунарнамоӣ мекунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!