Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:11

Рақси бадахшӣ ва фалаксароӣ дар як мактаб-парваришгоҳи Душанбе

30 март 2012, 03:46

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар мактаб-парваришгоҳи рақами 4-и пойтахт, ки сарпарасатии онро ба зимма дорад, ҷашни Наврӯзро баргузор намуд.

Дар чорабинӣ Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ширкат намуданд.
Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии ин вазорат иттилоъ доданд, нахуст  хонандагони мактаб-интернатро Ҳамрохон Зарифӣ бо иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло таманно намуд: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо умеди ояндаи неки шумо мекӯшад, то бароятон тамоми шароитро муҳайё созад”

Зимнан, хонандагони мактаб-интернат барномаи ҳунарии худро пешкаши ҳозирин намуданд. Намоиши либосҳо, расму оини миллии наврӯзӣ, рақсҳои миллӣ, сурудхонӣ, намоишҳои варзишӣ ва саҳначаҳо баргузор гардида, фалакхонӣ ва рақси бадахшӣ дар иҷрои хонандагони синфҳои поёнии ин мактаб хотирмон буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!