Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:05

Суғд: Афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар минтақа

30 март 2012, 12:06

Нақлиётчиёни вилоят танҳо тӯли  2 моҳи соли равон бо воситаи ҳамаи намуди нақлиёт 4,3 миилион тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 25 миллион мусофиронро кашониданд.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ҳукумати ин вилоят иттилоъ доданд, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан  109,5 ва 101,1 фоизиро ташкил медиҳад.

Гуфтанист, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят бошад, дар ин давра  226,6 млн. доллари амрикоиро ташкил намуд, содироти мол дар ин давра ба 57,5 млн. доллари   баробар гардида, воридоти молу маҳсулот бошад, 169,0 млн. долларро ташкил додааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳаҷми  хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,3 фоиз афзоиш ёфта, 363,2 млн. сомониро ташкил намуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!