Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 13:03

Тоҷикистон дар рейтинги баробарии зану мард 118-ум шуд

31 март 2012, 06:40

Тоҷикистон аз рӯи баробарии зану мард дар сиёсат аз 100 холи имконпазир, ки маънои баробарии комилро дорад, ҳамагӣ 13 имтиёз гирифтаст. Ин нишондодро коршиносон бӯҳронӣ арзёбӣ мекунанд.

Созмони байналмилалии Сошиал вотч - 2012 дар гузориши тозаи худ вазъи 154 давлати дунёро аз рӯи меъёри баробарии зану мард баррасӣ кардааст. Пажӯҳишгарон баробарии зану мардро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла маорифу иқтисодиёт баҳогузорӣ кардаанд. Таҳлилгарони ин созмони байналмилалӣ дар маҷмӯъ Тоҷикистонро аз рӯи баробарии гендерӣ миёни 154 давлати дунё дар зинаи 118-ум қарор додаанд.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки баробарии мутлақи зану мард дар ягон кишвари дунё ба қайд гирифта нашудааст. Ҳанӯз ҳам дар дунё занон аз рӯи иштирокашон дар сиёсат - қабули қарорҳои муҳими ҷамъиятӣ, дар иқтисодиёт - сатҳи даромаднокӣ ва сатҳи маълумот нисбат ба мардҳо қафо меистанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!