Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:48

Лоиҳаи қонун «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт

2 апрел 2012, 06:00

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз, 2-юми апрел таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» баррасӣ шуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат, раиси кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи МН Амир Катаев зимни шарҳ додани лоиҳаи Қонуни мазкур изҳор дошт, ки лоиҳаи ин қонуни бо мақсади таъмини амният ва бехатарӣ, фаъолияти устувор, инчунин ҳимояи манфиатҳои шахсият, ҷамъият ва давлат дар маҷмӯи нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ пешгирӣ намудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» баҳри татбиқи талаботҳо ва вазифаҳо оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ, татбиқ намудани маҷмӯи тадбирҳои аз ҷониби давлат муайяншудаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва ғайра дар маҷмӯи нақлиёт барои фаъолияти устувори системаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон,лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», масъалаҳо Дар бораи доир намудани муҳокимаи ошкорои парламентӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010 – 2011 вобаста ба татбиқи Барномаи Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2010 – 2012, Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» мавриди муҳокимаи аъзои он қарор гирифтанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!