Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:41

Дар Тоҷикистон омори аниқи нашъамандон мавҷуд нест

2 апрел 2012, 06:22

7117 нафар ба бемории нашъамандӣ гирифтор нестанд, ин рақам фақат теъдоди ихтиёран муроҷиаткардагон ба муассисаҳои наркологии кишварро нишон медиҳад.

Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон Маҳмадраҳим Малахов, директори маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи Минҳоҷ Ғуломов иттилоъ дода.

Манбаъ мегӯяд, шумори мазкури одамон барои гирифтани кӯмаки тиббӣ муроҷиат кардаанду бас ва ин омор бозгӯкунандаи теъдоди нашъамандон дар кишвар нест: «Зимни як ҷаласа, ки дар ин муассиса баргузор шуд, Бунафша Одинаева, муовини аввали директор АНМН низ ширкат дошт ва қайд гардид, ки сабти номи мубталоён ба нашъамандӣ аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳоест, ки солҳои дароз чун як мушкилот барои ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ боқӣ мондааст».

-Ин аст, ки зарурати аз нав дида баромадани  санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда ва таҳияи механизми дурусти ошкорсозии беморони мубтало ба нашъамандӣ пеш омадааст.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ошкорсозӣ ва тартиби сабти номи беморони гирифтори нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони прокуратураи генералӣ, вазоратҳои тандурустӣ, корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, созмонҳои ҷамъиятии “РАН”, “РОСТ”, “Спин плюс”, “Нури умед”, Ҳамоҳангсози барномаҳои ЮНОДК, барномаи “СПИД Фонд Восток-Запад”, ҳамоҳангсози миллии барномаи “КАДАП”, ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди мадад (СОРОС), Намояндаи Фонди глобалӣ ширкат доштанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!