Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:18

Тарма ҳаракати мошинҳоро ба самти ноҳияи Ванҷ масдуд кард

4 апрел 2012, 03:58

Бар асари фаромадани тарма роҳи ду мавзеъи ноҳияи Ванҷ баста шуд.

Тавре Ориф Нозимов, сардори дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, шаби гузашта, тахминан соати 21:00, дар километри 431-уми шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ дар мавзеи Туғак  ва дар километри 435-уми мавзеи Оташаки нохияи Ванҷ  бар асари фаромадани тарма роҳи мошингард банд шуд. Баландии тармаи фаромада 10-15 метр, дарозиаш бошад 200 метрро дар бар гирифтааст.

Сарчашмаи хабар ҳолати имрӯзии роҳу ағбаҳоро чунин шарҳ дод: Ҷодаи Душанбе - Хоруғ мувақатан маҳкам аст, ағбаҳои Мурғоб, Хобу Рубот, Куртезак, Анзоб, Шаршар, Майхура, Чормағзак, Фахробод ва роҳи Душанбе-Рашт боз аст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!