Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 апрел 2017, 20:04

Боздиди «ғайримунтазира»-и Оғохони IV аз Душанбе

4 апрел 2012, 04:59

Интизор меравад пас аз чанд лаҳза Шоҳзода Оғохони IV (Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ), пешвои исмоилиёни ҷаҳон вориди Душанбе шавад.

Дар ин бора як манбаъи мӯътамад, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод. Сарчашма афзуд: «Ҳамин ҳоло мо дар фурудгоҳи Душанбе интизори фуруд омадани ҳавопаймои аълоҳазрат Оғохони IV ҳастем».

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ Оғохони IV  шоми гузашта тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Урупо ба Урумчии Хитой омада, ҳамакнун ба Тоҷикистон мерасад. Дар ҳамин ҳол, мақсади боздиди Оғохони IV ба Душанбе шарҳ дода намешавад ва нақшаи ин сафар махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Таҳлилгарони умури сиёсӣ бар ин назаранд, ки чанд рӯз қабл дар Тоҷикистон «Кумитаи ҷамоатхонаҳои шиаи исмоилии исломӣ" дар Кумитаи дини Тоҷикистон расман сабти ном шуд ва  ин ташкилот қаблан дар шаҳри Душанбе бо номи "Маркази Исмоилия" шинохта мешуд, шояд сабаби боздиди ғайримунтазираи Оғохони IV бошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!