Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:51

Вазири маориф гуфт на ҳамаи омӯзгорон тарзи дурусти истифодаи китобҳои дарсиро медонанд

5 апрел 2012, 11:14

Хонандаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар 11 сол 1792 соат забони тоҷикӣ меомӯзанд, вале  таҳлилҳо нишон медиҳад, ки саводнокии муҳасилин ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Ин нуктаро Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо  муаллифони китобхои дарсӣ иброз намуд.

Тавре ба Озодагон аз вазорати мазкур хабар доданд, зимни суханронӣ вазир муалифони китобҳоро барои ислоҳот дар соҳаи маориф даъват намуд. Номбурда гуфтааст, ки бештар ба мазмун, мудариҷа, сохтор ва мутобиқат ба сину соли хонандаҳо  диқати ҷиддӣ бидиҳанд. Ҷаноби Саидов пешниҳод кард, ки барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муасисаҳои таълимӣ дастури таълимии методӣ таҳия шавад. «Шароити  кунунии мактабҳо нишон дод, ки мутасифона на ҳамаи омӯзгорон тарзи дурусти истифодаи китобҳои дарсиро медонанд»,-афзуд вазири маориф. Номбурда гуфт, ки қисме аз омӯзгорон ба дарсҳо аз рӯи китобҳои дарсӣ омодагӣ мебинанд, зеро имконияти дастрасӣ ба сарчашмаҳои дигар ва маводи таълимро надоранд.

Бино ба иттилоои манбаъ, тибқи супориши вазири маориф 7-уми апрел дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ширкати муаллифони китобҳои дарсии таърих, мураттибони барномаи таълимӣ, омӯзгорону мутахассисони соҳа нишасти вижае баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш даврабандии китобҳои дарсии таърих ба синф мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳад гирифт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!