Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:55

Раҳмон ва Медведев аз муносибатҳои Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карданд

6 апрел 2012, 09:34

Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияе Дмитрий Медведевро ба муносибати бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия шодбош гуфтааст.

«Мо, дар Тоҷикистон муносибатҳои дӯстии зич ва ҳамкории бисёрҷониба бо Русия - шарики стратегиамонро қадр мекунем. Ин муносибатҳо дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хоса доранд. Хурсандибахш аст, ки тайи ду даҳсолаи гузашта ҳамкории байни кишварҳоямон суръати рушди мусбӣ дошта ва он пайваста бо рушду густариши хушсифат дар ҳамаи мавқеъҳои асосии ҳамкорӣ, ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар асоси бисёрҷониба сурат мегирифт»,-омадааст, дар мактуби Эмомалӣ Раҳмон.

Дмитрий Медведев низ дар номаи табрикие навиштааст, ки тайи солҳои гузашта бо саъю кӯшишҳои якҷоя ба мо муяссар гардид, ки ҳамкории дуҷонибаро, ки дар анъанаҳои бисёрсолаи дӯстӣ қарор дорад, ба сатҳи сифатан нав бардорем: «Русия ва Тоҷикистон муколамаи сиёсӣ ва робитаҳои тиҷоратиро пайваста таҳким бахшида, ҳамоҳангсозиро дар масъалаҳои муқобилат ба хавфу таҳдидҳои нав роҳандозӣ менамоянд.
Аминам, ки ривоҷи минбаъдаи ҳамкорӣ дар умури байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар ҳошияи иттиҳодияҳои ҳамгироӣ ҷавобгӯи манфиатҳои кишвару халқоямон буда, ба кори сулҳу амнияти Осиёи Марказӣ хидмат менамояд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!