Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:55

Низоми ҷории андозбандӣ яке аз сабабҳои рушд накардани соҳибкорӣ унвон шуд

6 апрел 2012, 10:31

«Мушкилот ва дурнамои рушди соҳибкорӣ дар бахши ҳақиқии иқтисоди Тоҷикистон».

Зери ҳамин унвон имрӯз, 6-уми апрел дар Душанбе бо ширкати масъулини ташкилотҳои соҳибкорӣ, намояндагони бархе аз бонкҳои кишвар, парлумон ва коршиносон конфронси илмию амалӣ баргузор шуд.

Дар нишаст асосан мушкилоте, ки феълан монеаи рушди соҳибкорӣ мешавад, хусусан низоми андозбандӣ, имтиёзи соҳибкорон ҷиҳати дасрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, дастгирии давлатӣ ба бахши хусусӣ, таҳрири бархе аз қонунҳое, ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд ва дар ин замина мусоид намудани фазои соҳибкорӣ дар кишвар, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Кибриё Уроқова, намояндаи Бонки миллии кишвар зимни ҳамоиш роҷеъ ба таъсири рушди низоми бонкӣ дар тавсеаи соҳибкорӣ сухан карда, афзуд, ки қарзҳои додашудаи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ дар соҳаҳои мухталиф дар моҳҳои январ-феврали соли равон 642,4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин нишондод 461,0 миллионаш ба бахши соҳибкорӣ рост меояд. Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки барои рушди соҳибкорӣ пеш аз ҳама бояд қонунҳое ба тавсиб расанд, ки ба соҳибкорон имтиёз медиҳанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!