Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:24

Барқарорсозии роҳҳои харобшудаи Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт

9 апрел 2012, 06:41

Имрӯз, 9-уми апрел таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҷаласаи кории шаҳрдорӣ сурат пазируфт.


Барқарорсозии роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобгардида, бо истифода аз мусоидии боду ҳаво суръатбахшӣ ба иҷрои босифати корҳои таъмирӣ аз ҷониби ширкатҳои пудратӣ ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷавӣ дар ин самт аз мавзӯъҳои аслии муҳокимашудаи ҷаласа будаанд.

Тавре аз дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе ба Озодагон иттилоъ доданд, бо таваҷҷӯҳ ба ҳолати иҷрои дастури шаҳрдорӣ вобаста ба дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби селборишҳо аз ҷониби субъектҳои масъулу соҳибтавозун, аз натиҷаи санҷишҳои анҷомдодаи комиссияҳои депутатӣ раиси шаҳр гузоришҳоро баррасӣ намуда, таъкид сохт, ки бе ягон саҳлангорӣ раисони ноҳияҳо ва муассисаи давлатии «Раёсати обёрии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо шахсони воқеиву ҳуқуқии аз ҳудуди иншоотҳояшон каналу селпартоҳо убуркунанда тадбирҳои воқеӣ андешанд.

Дар ҷаласа инчунин дар радифи дигар масоили ҳаёти хоҷагидории шаҳр, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдшаванда, ҳолати тадбиқи Нақшаи генралӣ дар маҳаллаи Ховарон, вазъи такмили лоиҳаи сохтмони иншооти беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳрӣ дар хиёбони Неъмат Қарабоев ва масъалаи вусъати ҷараёни корҳои омодагӣ ба роҳандозии азнавсозии иншооти дар қисмати марказии шаҳр- кӯчаҳои Аҳмади Дониш-Садриддин Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ ҷойгирбуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!