Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:13

Дар Маскав алайҳи НАТО тазоҳур карданд

9 апрел 2012, 10:58

Чор ҳазор нафар аз мардуми Русия дар эътироз ба имкони ҳузури неруҳои НАТО дар минтақаи Уляновски ин кишвар дар майдони Пушкини Маскав алайҳи Паймони Атлантикаи Шимолӣ шиор доданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА ширкаткунандагон дар ин гирдиҳамоӣ бо эъломи мухолифати шадиди худ бо ҳар гуна имкони ҳузури неруҳои НАТО дар хоки кишварашон, хостори хурӯҷи тамоми неруҳои Паймон аз ҷумҳуриҳои Шуравии собиқ шуданд.

Генадий Зюганов, роҳбари ҳизби Коммунисти Русия дар ҷамъи эътирозгарон эълом кард: “НАТО як ташкилоти низомии душман аст ва мо башиддат мухолифи ҳузури он дар Русия ва дигар кишварҳо ҳастем”.

Зюганов илова кард, ки мардуми ҷаҳон дар солҳои ахир ҳамвора шоҳиди ҷиноятҳои зидди башарии НАТО дар Ироқ, Афғонистон ва Либӣ будаанд ва ҳазорон нафар аз мардуми бегуноҳи ин кишварҳо дар асари бомбаборони ҳавопаймоҳои НАТО ҷони худро аз даст додаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзҳои ахир ахборе дар бораи эҳтимоли истифодаи НАТО аз як пойгоҳи русӣ дар минтақаи Уляновски ин кишвар матраҳ шуд, ки вокунишҳои манфии зиёдеро аз сӯи мардуми минтақаи ёдшуда ва шахсиятҳои сиёсии рус ба дунбол дошт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!