Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:05

КАМАЗ ноболиғи 10-соларо зер кард

9 апрел 2012, 11:10

Аз РБДА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки рӯзи гузашта тахминан соати 18:40 ронандаи автомашинаи тамғаи «Камаз-353212» Бегбулот Қашқариеви 26 сола, шаҳрванди ҷумҳурии Қирғизистон аснои ҳаракат дар километрии 242-юми роҳи Душанбе-Ҷиргатол-Сари Тош, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Занкам, пиёдагарди ноболиғ Сафаралӣ  Амирбеков, хонандаи синфи сеи мактаби таҳсилоти умумии №18-ро пахш намудааст.

Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ронандаи автомашинаи «BMV» Эргашов Озод, соли таваллудаш 1984 дар роҳи нақлиётгарди Конибодом-Хуҷанд идораи сабукравро аз даст дода, дар километри 25-ум ба дарахти канори роҳ бархурда вафот мекунад.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 4 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд расида, бар асари он 2 нафар ҷон бохта, 2 тани дигар захмӣ шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!