Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:03

Нархи роҳкиро дар маркази таваҷҷӯҳи шаҳрдорӣ

31 май 2011, 05:40

Дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи шаҳрдорӣ сурат пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати пойтахт, зимнан дар нишаст масоили марбут ба  хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, боло рафтани арзиши роҳкирои нақлиёт аз 1-уми июни соли равон баррасӣ гардиданд

Бино ба қавли манбаъ, Маҳмадсаид Убайдуллоев новобаста аз воқеияти реалии болоравии нарх дар бозори сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ бо дарназардошти баланд бардоштани сатҳ ва сифату фарҳанги хизматрасонӣ ба сокинон дар нақлиёти истифодаи умум ва дастгирии иҷтимоии мусофирон- аҳолии шаҳр зимни пажӯҳиши амиқи масъала муқаррар сохт, ки дар татбиқи нархномаҳои нави ҷоришаванда бо таҷдиди назар ба қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе, ки аз 1 июни соли ҷорӣ амал хоҳад кард, тағйирот ворид карда шавад.

Қайд гардид, ки ҷорӣ намудани дифференсатсия оид ба  пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар хатсайрҳо бо инобати фосилаи истифодаи нақлиёт барои ҳимояи ҳуқуқи мусофирон ногузир мебошад.

Бо ин мақсад  муқаррар намуд, ки аз 1 июни соли 2011 дар 10 хатсайрҳои микроавтобусҳои №№ 5, 11, 12, 21, 22, 24, 26, 34, 55 ва 67, ки масофаи хизматрасониашон то 9 км-ро дар бар мегирад нархи роҳкиро бетағйир 1 сомонӣ нигоҳ дошта шавад.

Боқимонда 19 хатсайрҳои микроавтобусҳои №№ 1, 2, 4, 7, 8, 10, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 25, 28, 33, 44, 52, 54, ки масофаи хизматрасонияшон то 18 км-ро дар бар мегирад, ба  ду хатсайри алоҳида тақсим гардида, дар маҷмӯъ ба ҷои 19 хатсайр 38 хатсайри нав таъсис дода шавад ва фаъолияташон бо рақамгузории таври мисол 1 ва 1-«а» ва нархи хизматрасонӣ 80 дирам   муқаррар карда шавад.

Дар автобусҳои хатсайри №№ 3-«а», 11, 14, 20, 23, 26, 27, 30  нархи хизматрасонияшон бетаѓйир- 60 дирам боқӣ монда, хатсайрҳои №№ 1, 2, 6, 7, 8, 8-«а», 13, 18, 28 ва 41 бо нархи 1 сомонию 20 дирам фаъолият хоҳанд кард.

Инчунин дар ҳама хатсайрҳои мусофиркашонӣ бо истифода аз микроавтобусҳою автобусҳо бо тарифи 1 сомонию 60 дирам ва 1 сомонию 20 дирам фаъолияташон чун «экспресс» ташкил карда шавад.

Дар ин зимн дастур фармуд, ки баҳри ҳимояи ҳуқуки мусофирон дар ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ аз 1 июни соли 2011 фурӯши чиптаҳо зери масъулияти роҳбарони корхонаҳо ва ҷамъиятҳои ба мусофиркашонӣ машғулиятдошта ҷорӣ ва назорати қатъии ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти тамоми хатсайрҳо таъмин карда шавад.

Барои таъмини иҷрои  муқаррароти мазкур ситоди шаҳрӣ бо телефонҳои боварии шабонарӯзии 223-22-14, 221-26-95 ва 221-28-65 зери масъулият ва роҳбари муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе Абдулҳақ Оев  таъсис дода шуд.

Зимнан, аз роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ хоҳиш карда шуд, ки радиоҳои «Азия-Плюс» ва «Ватан» назорати ҷамъиятии хатсайрҳои микроавтобсуҳои сектори хусусӣ ва рӯзномаҳои «Вечерний Душанбе»  ва «Вечёрка»  хатсайрҳои хизматрасонии корхонаҳои коммуналии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус»-ро таъмин намоянд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!