Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Мақомоти Тоҷикистон ба таҳаввулоти Миср бетаваҷҷӯҳ нестанд

12 апрел 2012, 03:22

Бояд ошкоро бигӯем, ки муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Миср, бахусус дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳанӯз ҷавобгӯи сатҳи муносибатҳои таърихӣ нест, мо бояд тамоми имконоти мавҷударо барои инкишофи ҳарчи бештари он ба манфиати ду кишвар, минтақа ва ҷаҳон истифода кунем.

Ин нуктаро Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар мусоҳиба бо рӯзноманигори мисрӣ, муовини сармуҳарири рӯзномаи «Шомгоҳӣ» Муҳаммад Салома иброз доштааст.

Номбурда зимни таъкид бар ин, ки Миср таҷриба ва имкониятҳои техникӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хом дорад, гуфтааст: «Маҳсулоти саноатии Миср метавонад аз тариқи истеҳсоли муштарак ба бозори Тоҷикистон ва минтақа ворид шавад. Дар кишвари мо аз лиҳози қонунгузорӣ ва имтиёзҳо шароит ва заминаҳои мусоид барои ҳамкорӣ муҳайё мебошад. Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам сармоягузорон, тоҷирон ва соҳибкорони мисриро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон даъват намоям».

Вазири корҳои хориҷа дар ин суҳбат гуфтааст, ки «Миср имрӯз дар ростои таҳаввулоти азим қарор дорад ва Тоҷикистон ба раванди демократии он, ки баёнгари ормонҳои мардумист, бо назари нек менигарад: «Изҳори умед менамоем, ки рӯйдодҳои инқилобии "Баҳори араб" дар Миср ва дигар кишварҳои ба мо дӯсти арабӣ барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон шароит ва заминаҳои бештар мусоид фароҳам хоҳанд овард. Мо аз таваҷҷӯҳи Мисри нав ба таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиё истиқбол мекунем».

Ёдрас мешавем, ки чанде қабл президент Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзномаи "Ал-Масоийя"-и Миср мусоҳибае анҷом дода таъкид намуда буд, ки таҳаввлуоти ин кишварро аз наздик пайгирӣ мекунад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!