Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:09

Сақич нахойед. Се шабонарӯз пушти панҷара мешинед

12 апрел 2012, 04:19

Нурсултон Назарбоев, райисҷумҳури Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки шаҳрвандонеро, ки сақичи хоидашударо ба деворҳои биноҳои пойтахт мечаспонанд, пушти панҷара кашида шаванд.

Ба иттилои Tengrinews.kz ин нуктаро президент зимни суханронӣ дар ҷаласаи таҷдиди шаҳри Остона баён доштааст.

Ба қавли Назарбоев мизони ҷинояткорӣ дар пойтахт аз нишондоди тамоми қаламрави Қазоқистон наздики ду маротиба бештар аст, вале сатҳи бозшавии он бошад, хело поин мебошад. Дар робита ба ин президент дастур додааст, ки ҷазо барои ҳуқуқвайронкуниҳои на чандон муҳим пурзӯр шавад.

Ба роҳбарияти пулиси Остона муроҷиат намуда райисҷумҳури Қазоқистон гуфтааст: "Дар пойтахт бояд ба ягон ҷинояти сабук ҳам иҷозат надиҳед. Дар ҳар гузаргоҳ сақич мечаспонанд- дастгир кунед, ба қайд бигиред, изи ангуштонашро сабт кунед, протокол тартиб бидиҳед. Ҷазои маъмурӣ, ҷарима, се шабонарӯз маҳкам намоед. Вақте шаҳрвандон фаҳмиданд, ки барои амалҳояшон бояд ҷавоб гӯянд, сатҳи ҷиноятҳои «бузург»-и дар шаҳр рухдода ҳам коҳиш меёбад".

Ба навиштаи расонаҳо алъон маълум нест, ки ин ташаббуси президент танҳо дар ҳудуди шаҳри Остона мавриди амал қарор мегирад ё дар ҳамаи қаламрави кишвар.

Мавриди тазаккур аст, феълан барои дар кӯча партофтани сақич дар Сингапур, навоҳии Валлонияи Белгия, осоишгоҳҳои ҷазираи Ла-Палмаи Испания ва ҳамчунин як қатор шаҳрҳои дигар, аз қабили Рим, Прага ва Пекин ҷарима мебанданд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!