Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:18

Путин: НАТО мероси боқимондаи "Ҷанги сард" аст

12 апрел 2012, 04:28

Владимир Путин, райисҷумҳури Русия Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро мероси боқимондаи "Ҷанги сард" хонд, ки дар бархе маворид барои эҷоди субот дар ҷомеаи ҷаҳонӣ талош  ва гоҳе ҳам бидуни зарурат дар қазияҳои байналмиллалӣ дахолат мекунад.

Путин рӯзи чоршанбе, 11-уми апрел ҳангоми ироаи гузориши фаъолияти солонаи ҳукумати Русия дар Думаи ин кишвар афзуд: “НАТО дар даврони чандқутбӣ будани ҷаҳон таъсис шуда буд ва ҳоло, ки он вазъият аз байн рафтааст, маълум нест вуҷуди он чӣ зарурате дорад”.

Нахуствазири қудратманд ва зираки Русия барои қонеъ кардани назари мухолифони истифодаи НАТО аз пойгоҳи Уляновски ин кишвар, зимни мусбат хондани нақши НАТО дар Афғонистон, таъкид кардааст, ки агар нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ҳузур намедоштанд, дар он сурат сарбозони Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон даргири ҷанг буданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!