Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:19

Вазорати тандурустӣ зидди барҳам задании квотаи муҳоҷирин садо баланд кард

12 апрел 2012, 12:00

Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Русия барҳам задани квотаи муҳоҷиринро рад кард.

Дар ин бора Максим Топилин, як масъули баландпояи ин вазорат ба хабаргузориҳо иттилоъ дода гуфт, вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ қатъиян пешниҳоди барҳам задани квота ва ё ҷойбандкунии муҳоҷирини кории хориҷиро рад мекунад. Ин изҳороти вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки Хадамоти федеролии муҳоҷират (ХФМ)-и ин кишвар бо таҳияи Консепсияи рушди муҳоҷират то соли 2025 бо номи “Стратегия 2020” батакрор дар хусуси барҳам задани квотаи муҳоҷирини хориҷӣ ҳарф мезанад.

Константин Ромодановский, сардори ХФМ-и Русия пешниҳод дорад, ки ба ҷойи квота бояд  сохтори ҷустуҷӯи муҳоҷирини зарурӣ барои ин кишвар ташкил шавад, то он тавонад муҳоҷирини тахассусоти лозимиро пеш аз замони вуруди муҳоҷирин ба Русия, яъне дар кишварҳояшон пайдо ва ҷалб намояд.

Дар ҳамин ҳол, созмони иттифоқи касабаи Русия борҳо зидди барҳам задани квота баромад карда, ин пешниҳодро рақобат ва шикасти тартиби ҷалби нерӯи кори дохилӣ аз сӯи кордиҳандагон бо сабаби арзон будани нерӯи кори хориҷӣ медонад.

Ин дар ҳолест, ки квота барои нерӯи кори хориҷӣ барои Русия дар соли 2012 ба андозаи 1,7 миллион нафар муқаррар гардидааст, ки аз квотаи соли 2011 қариб тафовут надорад.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!