Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:18

Қазияи додгоҳии нашрияи «Фараж» ба ҳафтаи оянда гузошта шуд

12 апрел 2012, 13:20

Қазияи додгоҳӣ аз рӯи шикояти Файзиддин Азизов аз болои Зевар Шарипова ва ҳамҷавобгар рӯзномаи «Фараж» мавқуф гузошта шуд.

Баррасии судӣ бе иштироки даъвогар оғоз шуд. Дар оғози парванда раисикунанда Қутбиддин Ҳисайнов аризаи даъвогии Файзиддин Азизовро қироат намуда, ба ҷонибҳо имконият дод, ки фикру дархости худро оид ба даъвои мазкур пешниҳод кунанд. Ҷониби ҷавобгар даъвои Файзиддин Азизовро қабул накарданд. Аммо Урунбой Ардаевич, вакили мудофеи Файзиддин Азизов гуфт «асоси шикояти Файзиддин Азизов аз болои муаллифи мақолаи «Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: «Мерседес»- 22 000 доллар», ки 17-уми августи соли 2011 дар рӯзномаи «Фараж» нашр шудааст дар он аст, ки чопи ин матлаб ба зерҳимояи ӯ таъсир бади равонӣ расондааст».

Ҳамзамон ҳимоятгари Файзиддин Азизов изҳор дошт, ки пас аз чопи мақола  шиносҳову рафиқони зерҳимояаш ба ӯ «нафрат пайдо кардаанд». Ӯ мегӯяд аз ҳамин хотир ба суд муроҷиат кардаанд, ки аз амволи ҷавобгар Зевар Шарипова ва ҳамҷавобгар рӯзномаи «Фараж» барои чопи ин мақола, ки гуё асоси воқеӣ надоштаасту онҳо дар асоси қонун насанҷида ба табъ расонидаанд, ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ба нафъи зерҳимояи ӯ ситонида шавад. Пас аз баромади Урунбой Ардаевич, ҳимоятчии Файзиддин Азизов миёни тарафҳо саволу ҷавоб сурат гирифт. Бино бо сабаби танг будани вақт ҷониби ҷавобгар шунида нашуд.

Ҳамин тариқ Қутбиддин Ҳисайнов, раисикунандаи мурофиа бо розигии ҷонибҳо  то рӯзи чоршанбеи 18-уми апрел танаффус эълон кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!