Тайи чанд рӯзи охир қурби миёнаи доллари Амрико дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ баланд баромада, айни ҳол дар ҳудуди 4,8330-4,8500 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.
Абдуғаффор Қурбонов, масъули маркази матбуотии Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки тайи чанд рӯзи ахир арзиши миёнаи асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар нуқтаҳои мубодилаи пули шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли пастшавиро дошт ва ба ҳисоби миёна як рубли русӣ ба 0,1620-0,1626 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2940-6,3140 сомонӣ сомонӣ баробар шудаанд. Бояд гуфт, тайи рӯзҳои охир доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,8230-4,8450 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медод.
Мӯҳр