Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:10

Фархориҳо акнун зардолуи қандакро аз боғи худашон мехӯранд

13 апрел 2012, 09:19

Мутахассисон ба ақидае буданд, ки дар навоҳии ҷануби Тоҷикистон зардолуи шимолӣ парвариш намеёбад.

Аммо Қурбонбой Каримов, раиси ноҳияи Фархор исбот намуд, ки ин далелҳо асос надоранд.

 

«Ба мо мегуфтанд, ки зардолуи шимолӣ дар ҷануб парвариш намеёбад. Алайҳи ин гуфтаҳо, соли гузашта дар ҳудуди ноҳия дар майдони 178 гектор боғи зардолу бунёд намудем. Зардолуи ширинаки 3 солаи шимолиро оварда шинондем ва тақрибан ҳамагӣ сабзидаанд. Имсол аввалин ҳосилро аз он хоҳем гирифт»,- мегӯяд Қурбонбой Каримов. Соли равон низ бо ташаббуси раис аз ноҳияи Исфара 14,5 ҳазор бех ниҳоли зардолуи қандак оварда, боғпарварони фархорӣ дар майдони 140 га боғи нав бунёд карданд.

Аз аввали сол инҷониб дар ноҳия 201 гектор боғҳои нави мевадиҳанда бунёд  гаштааст. Дар маҷмуъ бошад, боғкорони фархорӣ 780 га боғ бунёд кардаанд, ки аз онҳо 318 гектораш зардолубоғ будааст. Ба гуфтаи  манбаъ, тибқи дурнамо то соли 2014-ум дар ҳудуди ноҳия бояд 1000 гектор боғзор бунёд гардад.

«Бо бунёд ёфтани боғҳои мевадиҳанда зарурати истифодаи тарзи дурусти ҳосили он пеш меояд. Инро мо аллакай ба инобат гирифта, дар ноҳия 4 корхонаи хурди истеҳсоли консерваро ба роҳ мондем. Аз вилояти Суғд имсол 20 ҳазор бонкаи шишагин овардаем ва кушиш ба харҷ медиҳем, то ҳосили рӯёндаи деҳқон беҳуда барбод наравад»,- афзуд раиси ноҳия.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!