Бахшҳо

Душанберо шаҳри амн барои ҳамагон эътироф карданд

СММ шаҳри Душанберо ҳамчун макони татбиқи Иқдомоти Глобалии созмони миллал дар бахши «Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон»  оид ба Барномаи тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон дар партави рушди устувори шаҳрҳо интихоб кард.

Барои тадбиқи ин иқдом СММ се агентиии худ-  Занон, Хазинаи Кӯдакон ва Хабитатро  масъул кардааст.

 

Тавре аз маркази матбуотии мири пойтахт хабар доданд, дар қатори Душанбе ҳамчунин шаҳрҳои Бейрути Калон (Лубнон), Метро Манила (Филлипин), Марракеш (Марокко), Найроби (Кения),  Рио-де Жанейро (Барзалия), Сан-Хосе (Коста-Рика), Тегусигалпа (Гондурас)  макони тадбиқи Иқдомоти Глобалии СММ интихоб гардидаанд.

Роҳандозии Барномаи мазкур дар марҳилаи аввал таи ду соли пешоянд расидан ба ҳадафҳои  беҳсозии омор оид ба хушунат нисбати кӯдакон, ҷавонон ва занон, иттилоъдорӣ ва баланд бардоштани ӯҳдадориҳои  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон ва ҷавонон, зиёд намудани захираву нерӯҳои сафарбаршаванда барои ҳимояи занону кӯдакон дар  ноҳияҳои гирифтор ба мушкилиро пайгирӣ менамояд.

Баҳри максаднок амалисозии Барномаи мазкур 8-11 майи соли 2012 дар шаҳри Найроби (Кения) ҷаласаи мушоваравии шаҳрҳои интихобгардидаи Иқдомоти Глобалии СММ дар бахши «Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон» баргузор мешавад. Душанберо дар ҷаласаи мазкур муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев ва директори муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» - Шаҳло Ҷӯраева намояндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, пойтахти Тоҷикистон дорандаи Ҷоизаи Шаҳри Сулҳи ЮНЕСКО аз рӯи ҷавобгӯ будан ба талаботи амалакунандаи интихоби институтҳои СММ- мавҷудияти ӯҳдадории баланд аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, шаҳрдор ва институти намояндагии  маҳаллӣ, ҷой доштани воқеияти зарфиятҳои ҳамкорӣ ва таваҷҷӯҳи хоса дар шаффофияти фаъолият ва таҷрибаҳои муваффақонаи агентиҳои Занон, Хазинаии Кӯдакон ва Хабитат дар он ҳам гардидааст.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)