Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:34

Вакилон овоз доданд, аммо нафаҳмиданд, ки гап дар бораи чӣ меравад

16 апрел 2012, 12:27

Вақти он расидааст, ки қонунҳоро бо таҳлили амиқ қабул намоем ва донем, ки оқибати чунин қонунқабулкуниҳо ба чӣ оварда мерасонад.

Ин нуктаро Константин Бондаренко, роҳбари маркази бозори озоди Тоҷикистон дар як ҳамоиш таъкид кард ва гуфт, ки қабл аз қабули ҳар гуна қонун он бояд мавриди муҳокимаи ҷомеа ва созмонҳои марбут ба он масъала қарор гирад. Агар хоҳем, ки ҳами истеҳсолот зиёд шавад ва мардум бо ҷои кор таъмин гарданд, бояд дар қабули қонунҳо шитобкорӣ накунем, изҳор дошт ӯ.

Иддае аз коршиносон бар ин боваранд, ки агар кодекси андоз мисли солҳои пеш бидуни муҳокимаву таҳлил қабул шуданӣ бошад, тасдиқ нагардад беҳтар аст. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Абдулло Муҳаммадиев мегӯяд, ки агар лоиҳаи қонун бо шеваи қаблӣ қабул шавад, баъдан дар бораи оқибаташҳояш муҳокима кардан маъно надорад. Вай аз ворид гардидани тағйирот ба кодекси андоз дар соли 2010 изҳори нигаронӣ карда гуфт, қаблан корхонаҳои хусусиву соҳибкорон бо даромади солонаи 800 ҳазор сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда (18 %) месупориданд, аммо баъди тағйирот ин андоз барои соҳибкорон аз 200 ҳазор даромади солона ситонида мешавад.

Идомаи ин матлабро аз ин ҷо мутолиа намоед: http://www.ozodagon.com/iq/item/16335



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!