Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:47

Спитамен пешсаф аст. Аз рӯи иҷрои нақшаи ҷавонон ба аскарӣ

17 апрел 2012, 04:23

Беш аз чоряки ҷавонони ба хидмати ҳарбӣ давъатшавандаи вилояти Суғд ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гусел шуданд.

Аз хадамоти матбуотии роҳбари вилоят ба Озодагон гуфтанд, ки ноҳияи Спитамен дар самти иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ пешсаф аст. Комисариати ҳарбии ноҳия нақшаро ба ҳадди 50,5 дар сад иҷро кардааст. Ноҳияи Зафаробод 48,7 фисад ва Истиқлолу Ҷаббор Расулов 40% ба иҷрои нақша муваффақ шудаанд. Нишондоди шаҳру навоҳии дигар чуни наст: Ғончӣ 32%, Истаравшан 30,2%, Айнӣ 28,6% ва Ашт 27,6%. Нақшаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд ба 24,2% мерасад.

«Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи даъвати навбати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1985-1994 ба хизмати ҳарбӣ давоми моҳҳои апрел-майи соли 2012» шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба сини 18-солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд»,-афзуд манбаъ.

Мавриди тазаккур аст, даъвати баҳории ҷавонон ба артиш, аз 1-уми апрел то 30 майи соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!