Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:31

Аз ҷавони 29 сола ҳудуди ду кило ҳероин мусодира карданд

17 апрел 2012, 05:25

Дар шимоли кишвар аз манзили як сокини ноҳияи Истаравшан маводи нашъаовар ёфт ва мусодира шуд.

Тавре ба «Озодагон» аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, дирӯз, 16-уми апрел аснои гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷуӣ дар ҳудуди деҳаи Яккабоғи ҷамоати Пошкенти Истаравшан ҷавони 29 соларо дастгир кардаанд.

Ҳангоми кофтукови ҳавлии истиқоматии дастгиршуда, ки ба хотири халал наёфтани ҷараёни тафтишот номаш ифшо намешавад, аз дохили зарфи пласмасӣ як бастаи селофанпеч бо маводи хокамонанди рангаш сафедтоб дарёфт шудааст.

Ташхис маълум кардааст, ки ин мавод ҳероин буда, вазни он ба 1 килову 53 грам баробар аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!