Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Лориҷонӣ: Фатвои роҳбар асоси поёни мусобиқаи таслиҳотӣ шавад

17 апрел 2012, 06:21

Раиси маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таъкид кард, ки фатвои таърихии роҳбари инқилоби исломӣ дар бораи ҳаром будани тавлид ва ба коргирии силоҳҳои куштори ҷамъӣ метавонад мабнои асоси таҳаввулбарангез дар поён додан ба мусобиқаи таслиҳотӣ бошад.

Ба гузориши хабарнигори Озодагон дар Эрон субҳи имрӯз Алии Лориҷонӣ дар оғози ҷаласаи Шӯрои исломӣ бо табрики Рӯзи артиши ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт: «Артиши Эрон ба ҷиҳати доштани руҳияи ҷиҳодӣ ва таҷрибаи ҳашт сол дифои муқаддас алайҳи режими Саддом дар ҷойгоҳи яке аз қудратмандтарин нерӯҳои мусаллаҳи минтақа қарор дорад, ки бо тавонмандии сахтафзорӣ ва нармафзорӣ бо салобат манофеи миллии кишварро дифоъ мекунад.

Раиси ниҳоди қонунгузории Эрон бо ишора ба музокироти ахири Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар Истанбул таъкид кард, ки ҳарчанд ҳанӯз барои хулосаи ниҳоӣ аз натиҷаҳои ин музокирот барвақт аст, аммо аз ҳолати моҷароҷӯёна ва ҳангоматалабӣ бар риволи мантиқӣ баргаштани фазои музокирот қадаме ба пеш арзёбӣ мешавад.

Алии Лориҷонӣ гуфт: «Барои гурӯҳи 5+1 як фурсат эҷод шудааст, ки ба ҷои талаф кардани вақт ба мизи музокира бозгаштанд ва мутаваҷеҳ шуданд, агар забони зӯргӯиро ба мантиқи ақлонӣ бадал кунанд ва ба ҷои ба коргирии рафторҳои дугона аз низоми ҳуқуқии ягонаи байналмилалӣ, яъне NPT баҳра гиранд, метавонанд бо таомули муассиртаре аз ҷониби Эрон рӯ ба рӯ шаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!