Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:52

«Ҷавонони рақамии Душанбе» боз анҷуман меороянд

17 апрел 2012, 11:33

22 апрел созмони «Маркази технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсионӣ» бо кӯмаки молиявии шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва ҳамшарикии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» дар бинои факултаи  муштараки Тоҷикистону Украинаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон анҷумани «Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе»-ро баргузор мекунад.

Ҳадаф аз баргузории анҷуман оммавӣ кардани истифодаи теҳнологияҳои муосири иттилоотиву иртиботӣ дар байни ҷавонону донишҷӯён барои рушди иктисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад.

Дар анҷуман иштироки қариб 100 нафар аз шаҳри Душанбе ва навоҳи атрофии он дар назар аст.  Дар давоми як рӯз ҷавонон имконият пайдо мекунанд, ки бо идеяҳои худ оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ (ТИК) ҳамдигарро шинос кунанд. Ҳамзамон дар се толор муаррифии истифодаи ТИК дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкории ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра сурат мегирад. Дар чорабинии мазкур намояндаҳои сохторҳои давлативу хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, таҳиягарони технологияҳои иттилоотӣ, сомонасозон, мутахассисони ВАО-и нав, барномасозон, муаллимон ва онҳое, ки ТИК-ро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ истифода мебаранд, иштирок мекунанд.

Ҳамчунин, 18 апрел дар шаҳри Кӯлоб Анҷумани «Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон» ва 21 апрел дар шаҳри Хуҷанд  Анҷумани «Ҷавонони рақамии вилояти Суғд» баргузор мегардад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои ҷавонон дар маҳалҳо мусоидат мекунад. Дар ин се анҷуман иштироки беш аз 240 нафар дар назар мебошад, ки ин аз теъдоди намояндаҳои Тоҷикистон дар анҷумани порсолаи Осиёи Марказии DYCA бештар аст.

Муаллифони лоиҳаҳои беҳтарини ин се анҷуман дар Лагери байналмилплии навовариҳои иҷтимоӣ (Social Innovation Camp – SICamp), ки моҳи майи соли равон дар Қазоқистон баргузор мегардад, иштирок мекунанд. Ҳамчунин онҳо барои иштирок ба Анҷумани ҳарсолаи кишварҳои Осиёи Марказӣ DYCA даъват мешаванд.

Сабти номи иштирокчиёни анҷумани Душанбе дар сомонаи расмии чорабинӣ  http://dyca.centreict.net/ то 20 апрели соли 2012 сурат мегирад.

Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон - асри XXI”



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!