Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:58

Шӯрообод: Афсӯс, ки силоҳ надорем

31 май 2011, 10:58

Як подаи говҳо аз ҷониби афғонҳо рабуда шудааст.

Тавре хабарнигори минтақавии «Озодагон» иттилоъ медиҳад, шаби гузашта як гурӯҳи мусаллаҳи афғонҳо дар марзи Тоҷикистон сарҳадро убур карда, беш аз 80 сар говҳои хоҷагии ба номи Лангариеви ҷамоати Шӯроободи ноҳияи Шӯроободро ба таври зӯрӣ  бо таҳдиди автомату дигар таҷҳизоти ҷангӣ гирифта бурдаанд.
Ба гуфтаи Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод афғонҳо зери мили автомат ду подабони хоҷагиро низ маҷбур  карданд, то ба эшон подаи говҳоро то назди дарёи Панҷ бубаранд. Сипас, дар лаби рӯди Панҷ ҳар ду чӯпонро ҷавоб медиҳанд. Дар ҳамин ҳол ҷаноби Икромов мегӯяд, умед ба кормандони милисаву амният ва марзбонон доранд. Шояд ҳанӯз говҳо ба он сӯи марз бурда нашуда бошанд, зеро сатҳи оби Панҷ шабонарӯзи гузашта хеле зиёд буд.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли ҷорӣ афғонҳо панҷ маротиба шаҳрвандони Тоҷикистонро дуздида ба он тарафи рӯд бурда буданд ва дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои раиси ноҳия ду нафар шаҳрванди тоҷик таҳти асорати афғонҳо қарор доранд. Ба гуфтаи мардуми бумӣ «афғонҳо пайваста дар ин мавзеъ пайдо мешаванд. Бадии кор дар он аст , ки мо худ яроқ надорем, ҳамаи милтиқҳои шикориро кормандони ҳифзи ҳуқуқ гирифтаанд, вагарна мо худамон ҷавоби ни дуздонро дода метавонем», мегӯянд сокинони маҳал. Дар ҳамин ҳол, тафтишот ба суроғи подаи ба яғморафта, аз ҷониби комиссияи махсус идома дорад. 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!