Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:24

Қоҳир Расулзодаро ҷараёни корҳои сохтмонии шимоли кишвар хуш наомад

19 апрел 2012, 06:12

Қоҳир Расулзода, раичи вилояти Суғд аз ҷараёни сохтмони иншоотҳои ҷашнии шаҳри Хуҷанд дидан кард.

Раиси вилоят нахуст аз корҳои сохтмонии  «Қасри варзиш»-и маркази вилоят, ки 3000 ҷои нишаст хоҳад дошт, ошно гардид. Қохир Расулзода аз суръати корҳои сохтмонии иншооти мазкур интиқод кард. Зимнан, раиси вилоят ба масъулони сохтмон дастур дод, корҳои бунёдиро вусъат бахшанд. Ҷараёни корҳои сохтмониро дар се баст ба роҳ монда ба сифати иҷрои он аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. «Саҳлангорӣ ва саросемагӣ ба пастсифат шудани корҳои сохтмон боис мегардад»,-таъкид намуд раиси вилоят.
«Қасри варзиш» муҳимтарин иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд аст. Он ҳам аз ҷиҳати меъмории шаҳрсозӣ ва ҳам аз ҷиҳати иншооти варзишӣ зеботарин ва замонавитарин толор дар вилоят мегардад.

Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» дидан кард. Дар канори  варзишгоҳи мазкур сохтмонҳои иловагӣ барои зиёд намудани ҷои нишаст идома дорад.» Дар ин мавзеъ низ раиси вилоятро суръати корҳои сохтмонӣ қаноатманд карда натавонист. Соат қариби 8-и пагоҳӣ буд, лекин дар ҷойи сохтмон ягон нафар сохтмончӣ машғули кор набуд. Ин саҳлангорӣ ва муносибати масъулони сохтмон раиси вилоятро нороҳат сохт. Ҳамчунин нигаҳдорӣ ва ободонии варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» Қоҳир Расулзодаро нигарон кард. Аз бунёди ин иншооти варзишӣ се сол сипарӣ шуд, вале маъмурияти он то ба ҳол барои ободонии он, гулзор намудани саҳни даромади варзишгоҳ ва шинонидани дарахтҳои ороишию ҳамешасабз ягон тадбир наандешидааст»,-изҳор дошт як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд. Ба иттилои сарчашмаи хабар Қоҳир Расулзода ба роҳбарияти варзишгоҳ супориш дод, ки тамоми корҳои сохтмониро то санаи 20-уми май ба охир расонида, ҳама камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намояд.

-Соли ҷорӣ барои дӯстдорони варзиш боз як иншооти  муҳим сохта мешавад. Бо дастгирии раиси вилоят дар поёни корти теннис бори аввал дар вилоят майдони яхи сунъӣ ба андозаи 20х40 сохта мешавад. Ин майдони яхи сунъӣ барои истифодаи васеъи мардум ва ҳамчунин бо мақсади ташкил намудан ва ривоҷу равнақ бахшидани намудҳои варзиши рӯи ях, ба монанди чавгонбозӣ бино мешавад. Раиси вилоят зимни боздид аз мавзеи сохтмон ба масъулин вазифа гузошт, ки корҳоро вусъат бахшида, сохтмони майдони яхи сунъиро то ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба итмом расонанд.
Раиси вилоят ҳамчунин аз «Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» боздид ба амал овард.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!