Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:24

Зайд Саидов шароити соҳибкории истеҳсолиро ғайриқаноатбахш унвон кард

19 апрел 2012, 06:16

Зайд Саидов, сардори Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе гуфт, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдоро зарур аст, ки дар раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои калидии иқтисодии Тоҷикистон фаъолтар гардад.

Ба гуфтаи Саидов лозим аст, ки асноди муҳими иқтисодии Тоҷикистон зери назорати Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар таҳия гарданд. Аз ҷумла Кодекси андоз ҳам дар таҳрири нав ба гуфтаи ӯ бояд пеш аз ҳама аз нигоҳи иқтисодӣ баҳо дода шавад, на аз нигоҳи молиявӣ ва дигару дигарҳо.

Зайд Саидов изҳори умед кард, ки ба курсии вазирӣ нишастани Шариф Раҳимзода кори вазоратро ҷоннок мекунад.

Ҷаноби Саидов шароити кунунии соҳибкории истеҳсолиро дар Тоҷикистон ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд. Вай мегӯяд, чанде, пеш зимни сафараш ба вилояти Суғд бо чанд соҳибкор, ки нав корхонаи истеҳсолӣ ташкил кардаанд, сӯҳбат дошт: «Онҳо аз вазъу шароити корашон чунон дилсардона сухан мекарданд, ки Худо накунад ягон сармоягузори хориҷӣ шунавад»,-илова намуд раиси Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!