Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:34

«Газпром» дар Тоҷикистон имтиёз мехоҳад

19 апрел 2012, 09:08

Дар Тоҷикистон ҷустуҷӯ ва омӯзиши геологии нафту газ таввакалу хароҷоти зиёд дорад ва барои давлат зарур аст, ки ба ширкатҳои дар ин соҳа фаъолияткунанда имтиёзи гумрукию андозӣ диҳад.

Ин нуқтаро зимни як нишаст дар Душанбе Нуралӣ Шукуров, муовини раиси «Газпром зерубежнефтегаз» дар Тоҷикистон изҳор дошт.

Нуралӣ Шукуров пешниҳод кард, ки дар Кодекси нави андози кишвар муқаррароти иловагӣ ворид шавад, то ширкатҳои дар соҳаи ҷустӯҷӯ ва омӯзиши геологии нафту газ фаъолро аз имтиёзҳо бархурдор созад. Шукуров кишвари ҳамсояи Ӯзбакистонро мисол меорад, ки бо ташаббуси президенташ дар он ширкатҳои машғул ба ҷустуҷӯи нафту газ тақрибан аз ҳамаи андозҳо озоданд. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи Шукуров ширкатҳои бахши ҷустӯҷуи нафту газ аз рӯи меъёри умумӣ фаъолият карда истодаанд. Сарфи назар аз он, ки фаъолияташон ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ равона шудаст.

Ширкати «Газпром зарубежнефтегаз» дар Тоҷикистон ба омӯзишу ҷустуҷӯи нафту газ машғул аст. То ҳол аз конҳои Саригазону Ренгон ба далели худкифо набудани коркарди минбаъдаашон даст кашида, корҳои пармакуниро дар чоҳи Сариқамиш идома дода истодааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!