Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 21:48

Ду нафарро бо иттиҳоми нашъаҷаллобӣ 14 солӣ аз озодӣ маҳрум карданд

20 апрел 2012, 06:24

Додгоҳи олии Тоҷикистон Наҷибулло Носиров ва Диловар Даматовро дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон муҷрим шинохта, ҳар кадомеро 14 солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Муҳлати ҷазоро онҳо дар калонияҳои низомаш пурзӯр пушти сар хоҳанд кард. Ҳамчунин, бо ҳукми суд молу мулки ин афрод мусодира мешавад.

Наҷибулло Носиров, сокини ноҳияи Ванҷ ва Диловар Даматов, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ҳар ду 23 сол доранд, 31 январи соли равон барои нигаҳдорӣ ва интиқоли миқдори махсусан калони маводи мухаддири навъи ҳашиш аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД дастгир шуда буданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!