Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:04

Сафорати Тоҷикистон: Аз убури марзи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ худдорӣ намоед

20 апрел 2012, 09:02

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо муроҷиатномаи махсус аз муҳоҷирони кории муқими Русия хоҳиш кардааст, баъди 3 моҳи ҳақи будубош дар он кишвар барои қонунӣ кардани будубоши минбаъда ва ҳақи зист аз марзи кишварҳои Абхозистон ва Осетияи Шимолӣ гузар накунанд.

 

Маркази матбуоти сафорат гуфтааст, борҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи қавонини ин кишвар баъди убур кардани марзи Русия то ба 3 моҳи дигар ҳақи будубош ва зистро доранд, мувоҷеҳ ба мушкил ва нофаҳмиҳо шудаанд ва сафорат бо тариқи истисно ва талошҳо ин масоилро ҳаллу фасл намудааст. Дар муроҷиатномаи сафорат омадааст, ки беэътиноии муҳоҷирин боиси он гаштааст, ки шаҳрвандони мо бо вуҷуди таъкидҳо ҳанӯз ҳам аз тариқи гузаштани марзи Абхозистону Осетияи Шимолӣ мехоҳанд будубошашонро дар Русия қонунӣ намоянд.

Ҳалли ин гуна мушкилот, ки вақти муайян ва кӯшишҳои пайвастаро тақозо мекунад, ба имконоти моливу ҳолати равонии шаҳрвандони гирифтор бетаъсир буда наметавонад, навиштааст сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Ҳолатҳое ҷой доранд, ки муҳоҷирини тоҷик ва волидайни онҳо дар ҳал нагаштани мушкилашон аз сафорати Тоҷикистон дар Русия домангир мешаванд.

Аз ин рӯ, сафорат аз ҳамаи тоҷикистониёни машғули кор дар Русия, ба хусус онҳое, ки ба таври муваққат ва мавсимӣ дар қаламрави он кишвар қарор доранд, даъват ба амал меорад, ки ба мақсади ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои марбут ба вуруду хуруҷи хеш аз сафар кардан ба ҷумҳуриҳои Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ худдорӣ намоянд ва ин амалҳоро аз тариқи дигар кишварҳои ҳамҷавори Россия дар ИДМ анҷом диҳанд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!