Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:39

Имтиёзҳои Русия сӯзишвориро дар Тоҷикистон арзон накард

20 апрел 2012, 09:30

Имтиёзҳои Русия, ки имкон дод, 170 ҳазор тонна бензин ва 132 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон бе пардохти боҷи содиротӣ ворид гардад, нархро дар бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон поён набурдаст.

Оид ба созиш бо Русия дар мавриди додани квота ба Тоҷикистон  ҳанӯз миёнаҳои моҳи феврал масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бархе аз таҳлилгарони тоҷик дар паи ин имтиёз арзонишавии сӯзишвориро дар ҳаҷми ҳади ақал 1,5 сомонӣ пешгӯӣ карданд, зеро тибқи имтиёз ҳар тонна бензин аз пардохти беш аз 300 доллари амрикоӣ озод гардид. Дар ҳоли ҳозир арзоншавии бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон мушоҳида намешавад.
Дар бозори сузишвории пойтахт як литр бензин ҳудуди 6,5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 6 сомонӣ нарх доранд, ки дар муқоиса бо нархҳои моҳи феврал бетағйир боқӣ мондаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!