Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:33

Сокини Ҳисор коллексияи нодири асримиёнагӣ ёфт

20 апрел 2012, 10:13

Сокини деҳаи Шоли ноҳияи Ҳисор Ашӯралӣ Салимов ҳангоми кишт миқдори зиёди сарватҳои бебаҳои таърихию фарҳангӣ, ашёи гуногуни фулузии рӯзгор пайдо кардааст.

Тавре аз Вазорати фарҳанг ба Озодагон хабар доданд, ин ашёи гуногуни фулузии рӯзгор аз қабили косаву табақҳои гуногунҳаҷм, офтобаҳо, лаълиҳо, чароғпоя, сандуқчаҳои ороишии занона, кӯзаҳои мису биринҷии мунаққаш ва катибадорро номбурда ба ҳокимияти давлатии маҳаллии ноҳияи Ҳисор супорид. Бозёфти мазкур дар даврони истиқлолият аввалин бозёфт дар чунин ҳаҷми калон ба ҳисоб меравад.
Бозёфтҳои  нодир аз ҷониби мутахассисони шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев ва Дилафрӯз Назарова тадқиқу ташхис шуд. Онҳо муайян карданд, ки ин бозёфти нодиртарин дар даҳ соли охир буда, ба давраи асримиёнагӣ тааллуқ дорад. Ашёи бозёфтшуда дар шакли коллексия ҷой дошта, аҳамияти бузурги таърихию фарҳангиро доро мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!