Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:04

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, дар андозбандии Тоҷикистон беҳбудие нест

23 апрел 2012, 04:33

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ изҳор медоранд, ки таи як соли охир дар бахши андозбандии Тоҷикистон ягон беҳбудие мушоҳида нашудааст.

Ба гузориши ин ниҳоди молиявӣ Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар рейтинги «Пешбурди соҳибкорӣ» аз рӯи меъёри андозбандӣ аз миёни 183 давлати дунё дар ҷои 168-ум қарор дорад. Коршиносони Бонк ҳисоб кардаанд, ки дар Тоҷикистон 84,5 фоизи даромади тиҷории корхонаҳо барои пардохти андозҳо сарф мешавад, ки ин яке аз баландтарин нишондодҳо дар ҷаҳон аст. Ба гуфтаи масъулини бонк, ин меъёр дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳудуди 40 дар садро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар Тоҷикистон шумораи умумии андозҳо ба 21 мерасад. Аз ҷумла дар ҷумҳурӣ андоз аз даромади шахсони воқеӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо, андози иҷтимоӣ, андози замин, андоз аз истифодабарандагони қаъри замин, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андозе, ки тибқи низомномаи соддакардашуда пардохта мешавад, андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ, боҷи давлат, андоз аз фурӯш, андози ҳадди ақал аз даромадҳо, андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо, роялти барои об, дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ ва боз андозҳои маҳаллӣ аз қабили андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз фурӯши чакана ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ситонда мешаванд.

Доираҳои соҳибкорӣ, интизор доранд, ки бори андоз дар Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки айни ҳол бо супориши президент таҳия шуда истодааст, камтар гардида, боиси рушди соҳибкорӣ ва мувофиқан афзоиши даромади буҷа мегардад.

 






Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!