Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:27

«26 дар сади наврасони Тоҷикистон ба нимгушнагӣ муввоҷеҳанд»

23 апрел 2012, 05:03

Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони миллали муттаҳид мегӯяд, болоравии нархи озуқа дар солҳои 2010-2011 зиёда аз 70 миллион нафари дигарро дар саросари ҷаҳон ба вартаи қашшоқӣ мубтало кардааст.

Зимнан, намояндагони Барномаи озуқа ва кишоварзӣ аз ҳукуматҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ даъват кардаанд, ки дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ талоши бештар намоянд. Ба гуфтаи таҳлилгарони ин созмон, қимматшавии озуқа пеш аз ҳама ба қишри камбағал зарари зиёд мерасонад ва вазъи иҷтимоияшонро бадтар мегардонад. Гаронии озуқа табақаи камбизоатро водор мекунад, ки хароҷоташонро барои тандурустию маориф камтар кунанд ва маблағҳояшонро ба хариди озуқа равона намоянд.
Масъулини созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳудуди 35 фоизи кӯдакони то 5 солаи дар соли 2011  фавтида, дар натиҷаи камғизоӣ ҳалок шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Созмони олмонии кӯмак ба гуруснагон дар гузориши худ амнияти озуқавориро дар Тоҷикистон, миёни кишварҳои ИДМ осебпазиртарин арзёбӣ кардааст. Ба иттилои ин созмон 26 дар сади наврасони Тоҷикистон ба нимгушнагӣ муввоҷеҳанд. Тибқи иттилои созмон аз се ду ҳиссаи мардуми деҳоти Тоҷикистон рӯзе барои озуқа 2,15 доллари амрикоӣ сарф мекунанд, ки ҳатто аз нишондоди расмии сатҳи камбизоатӣ камтар аст.

 


 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!