Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:12

«Ҷавонони рақамии Душанбе»-ро дар Қазоқистон интизоранд

23 апрел 2012, 08:44

«Хизматрасонии ҷавобҳои ҷиддӣ ба суолҳои ҷиддӣ».

Муаллифи лоиҳаи мазкур аз миёни беш аз 70 ҷавони иштирокдори «Анҷумани ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе» мақоми аввалро соҳиб шуд. Пётр Бубентсов дар суҳбат ба хабаргузории Озодагон гуфт, идеяе, ки ӯ мехоҳад амалӣ гардонад, робитаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ мебошад: «Дар ин сомона шаҳрвандон метавонанд бо мақомоти давлатӣ иртибот пайдо кунанд ва ба саволҳои рӯзмараи худ посух бигиранд». Ӯ мегӯяд, идеяи таъсиси чунин як сомона чанде пеш пайдо шудааст.  
Қаблан гуфта мешуд, ки дар «Анҷумани ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе» се муаллифи идеяи беҳтарин интихоб мешавад, вале баъдан ин теъдод ба шаш расонда шуд. Мунира Ҳусейнова бо лоиҳаи «Манбаи маълумотҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Муҳамммадӣ Ибодуллоев бо лоиҳаи «Назорат ва идораи нақлёти ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои калон», Комил Раҷабов бо лоиҳаи «Коркарди муҳаррики озод барои шабакаҳои иҷтимоӣ», Шӯҳрат Акбаров бо лоиҳаи «Технологияи муосир барои пизишкони таҷрибадор» ва Фарҳод Пулотов бо лоиҳаи «Низоми ҷустучӯӣ дар сомонаҳои ҷустуҷӯии Точикистон» беҳтарин дониста шуданд.
Мавзуна Абдураҳмонова, ҳамоҳангсози барномаи иттилоотии Институти Ҷамъияти кушода Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба Озодагон гуфт, нафароне, ки дар анҷумани мазкур ҷойҳои намоёнро ишғол карданд, ҳамчун ҷавонони лаёқатманди тоҷик ба анҷумани Қазоқистон роҳхат мегиранд: «Дар он ҷо низ ҳамоише баргузор мешавад. Дар сурати аз ҷониби ҳакамони Қазоқистон интихоб шудани шаш ғолиби анҷумани Душанбе мо ин гурӯҳро маблағгузорӣ менамоем, то дар он ҷо ширкат намуда, идея ва барномаҳои худро муаррифӣ созанд».







Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!