Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

Нахуствазир: Гоҳо аз мактаб дилам мемонд

1 июн 2011, 09:12

Мансабдорон имрӯз саъй карданд, ки барои кӯдакони маҳаллаи «Оқ-Орго» иди ҳақиқӣ баргузор кунанд.

Бинои сеошёнаи мактаби навсохт дар маркази шаҳри Бишкек аз дигар иншоот ба куллӣ фарқ мекунад.Бино ба навиштаи сомонаи 24.kg-и Қирғизистон ин таълимгоҳ тайи дуюним сол ва бо сарфи бештар аз 120 миллион сом сохта шудааст. Сарвари мактаб Динора Имоналиева мегӯяд, мактаб барои 960 хонанда бунёд гардида, айни замон 1145 талаба дар гирду атрофии маҳалла ба қайд гирифта шудааст.Масъалаи камбуди кадр вуҷуд надорад, ҳоло барои дарсгӯӣ 53 муаллим даъват шудаанд, ки 6 нафари онҳо аълочиёни соҳаанд. Зимни ифтитоҳи расмии ин мактаб нахуствазири Қирғизистон Алмазбек Атамбоев низ ширкат карда гуфт, вақте ман талаба будам, ҳар рӯз 3-4 километр то мактаб пиёда мерафтам. Баъзан вақт мондаву лакот шуда аз мактаб дилам мемонд, аммо волидайнам маҷбур мекарданд, ки рав дарс хон. Одами бемаълумот дар зиндагӣ ҷояшро намеёбад. Алъон, хонандагон дар масофаи 100-200 метр аз бинои истиқоматиашон ҷойи хондану илм омӯхтан доранд, ба қадри ин ғамхорӣ расиданашон даркор.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!