Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Дар Академияи илмҳо «Террори сиёсии намояндагони элитаи тоҷикони Афғонистон» баррасӣ мешавад

26 апрел 2012, 04:08

«Хуруҷи нерӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон ва паёмадҳои он».

Таҳти ҳамин унвон фардо, 27-уми апрел дар Душанбе як ҳамоиш баргузор мешавад. Аз Академия илмҳои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар нишаст коршиносону муҳақиқони тоҷик роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи хуруҷи нерӯҳои низомии НАТО аз хоки Афғонистон ҳудуди 16 маъруза садо медиҳад. Баррасии ҳузури нерӯҳои Паймони атлантикаи шимолӣ дар Афғонистон аз нигоҳи таҳлилгарони Русия, хурӯҷи нерӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон, террори сиёсии намояндагони элитаи тоҷикони Афғонистон, аз зумраи муҳимтарин масъалаҳоест, ки дар ин нишаст баррасӣ хоҳанд шуд. Мавриди зикр аст, хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014-ум пешбинӣ шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!