Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:38

Қоҳир Расулзода ва Олга Гаврук созишномаи ҳамкорӣ тасвиб карданд

26 апрел 2012, 09:43

Имрӯз, 26-уми апрел раиси вилояти Суғд, Қоҳир Расулзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук мулоқот кард.

Қоҳир Расулзода зимни вохӯрӣ бо номи яке аз фарзандони шуҷои тоҷик,- Домулло Азизов, Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ номгузорӣ шудани яке аз мактабҳои Белорусро тасдиқи муносибатҳои неку собиқадори ду кишвар арзёбӣ кард. Ҳамчунин имкониятҳои минбаъдаи вусъат бахшидани ҳамкориҳои вилояти Суғдро бо тамоми минтақаҳои Белорус, аз он ҷумла дар соҳаҳои мошинсозӣ, мебелсозӣ, коркарди маҳсулоти чармӣ ва саноати хӯрокворӣ зарур шуморид.

Олга Гаврук ҳам дар навбати худ гуфт, ки Белорус яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаи техникаи хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб рафта, 8 фоизи тракторҳои  дар ҷаҳон истеҳсолшаванда ба он таалӯқ дорад. Ғайр аз ин 3 фоиз мошинолоти бузурги кӯҳканиро низ ин кишвар ба бозори ҷаҳонӣ содир менамояд.  Дар истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз қабили панир, равғани растанӣ ва қанд мавқеи устувор дорад.

Дар мулоқот ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Дар поёни дидор созишномаи дуҷониба ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманд ба имзо расид.

Дар идомаи сафари худ сафири Белорус дар Тоҷикистон аз корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ва «САТН», ҶС « Қолинҳои Қайроққум», корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва  ҷойҳои таърихию тамошобоби вилоят боздид ба амал меорад. Дар  ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!